Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 07.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ Форуми байналмилалии «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» оғоз гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ хабар медиҳад, форум бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони байнамилалии алоқа ва Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ташкил гардид, ки дар он намояндагон аз 19 давлати ҷаҳон иштирок доранд.
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни ифтитоҳи Форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» иброз намуд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст бо созмонҳои марбута ва мамлакатҳои дуру наздик дар бахши алоқа ҳамкории судмандро тақвият бахшад.
Дар идомаи форум, ки то бегоҳ идома меёбад, иштирокчиён масъалаҳои густариши ҳамкории мутақобили судманд байни операторони алоқаи барқии мамлакат, фароҳам овардани дастрасии ҳамсон ба алоқаи барқӣ дар давлатҳо, навсозии инфрасохтори соҳа, бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ бо стандартҳои 4G ва 5G, муносиб намудани арзиши хизматрасониҳо, пайваст шудани шабакаҳои телекоммуникатсионии ҷумҳурӣ ба таври мустақим ба системаи байналмилалии шабакаҳои кабелии зериуқёнусии Интернет ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ менамоянд.
Дар ҷаласаҳои панелӣ масъалаҳои муҳими танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ дар сатҳи кишварҳои минтақа ва фароминтақа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, он ба тақвияти ҳамкории мутақобили судманд дар бахшҳои гуногуни соҳаи алоқа замина мегузорад.



Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 аъзои комилҳуқуқи Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ мебошад. Маротибаи нахустин аст, ки ҷаласаи ин комиссия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ бо маҷмуи ҳамоишҳои канорӣ дар шаҳри Душанбе то 11 апрел идома меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»




















Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






