Дар Душанбе IT-Парки ҶДММ «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ» ифтитоҳ меёбад
ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «ICT WEEK-2025»- «Ҳафтаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ-2025» ки аз 7 то 10 апрел дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад, дар пойтахт IT-Парки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ» ифтитоҳ мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳадафи «ICT WEEK-2025» ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи IT ва технологияи рақамӣ, баланд бардоштани маърифати технологияи иттилоотӣ ва инноватсияҳои нав дар Тоҷикистон равона шудааст.
Дар ҷараёни чорабинӣ конфронсу ҳамоишҳо бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои байналмилалӣ, коршиносони соҳа, стартапҳо ва аҳли ҷомеа баргузор мешаванд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






