Дар Душанбе вохӯрии ҳафтуми роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14-15 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳафтуми роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бахши иттилоот ва кор бо ВАО-и Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи нақша дар ҷараёни нишасти навбатии роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷумла масъалаҳои марбут ба аудити якҷоя дар соҳаи кишоварзӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои давраи солҳои 2025-2027 баррасӣ шуда, изҳороти муштараки роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қабул карда мешавад.
АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд
Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад
Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд
Тоҷикистон ва Беларус бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро таҳия менамоянд
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Даҳаи охири моҳи август дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз мешавад






