Дар Кувайт масоили марбут ба норасоии захираҳои об ва роҳҳои истифодаи самараноку оқилонаи он баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт доктор Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Кумитаи устуворӣ ва мушовири техникии Анҷумани оби Кувайт Ҳеба Аббос доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили марбут ба норасоии захираҳои об, роҳҳои истифодаи самараноку оқилонаи он, инчунин таъсири тағйирёбии иқлим, бахусус дар заминаи обшавии пиряхҳо табодули афкор намуданд.
Ҳеба Аббос изҳор дошт, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29–31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






