Дар Москва фестивали дӯстии халқҳо «Кишвари ман» баргузор гардид

Апрель 12, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 12.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар Донишгоҳи давлатии техникии мошинсозӣ ва роҳи автомобилгарди Москва (МАДИ) фестивали анъанавии «Кишвари ман»  — ҷашни дӯстӣ, фарҳанг ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни тоҷик низ иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, дар фестивал роҳбарияти донишгоҳ, намояндагони мақомоти соҳавии Русия ва корпуси муқими дипломатӣ, инчунин донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Москва таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.

Фестивал, ки ба ҷузъи муҳими ҳаёти донишгоҳ табдил ёфтааст, бори дигар аҳамияти худро дар таҳкими робитаҳои донишҷӯёни миллатҳои гуногун, ҳифзи арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ ва ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ба фаъолияти ин донишгоҳ нишон дод.

Донишҷӯёни тоҷике,  ки дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд ва Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯёни Тоҷикистон ҳозиринро бо фарҳангу санъати волои халқи тоҷик шинос намуданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Апрель 12, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд