Дар Самарқанд нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 апрел дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Узбекистон хабар медиҳад.
Тибқи рӯзнома, дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанба ва ҳамкории амалии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад.
Иштирокдорон инчунин масъалаҳои тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ ва афзоиши гардиши мол, пешбурди барномаҳои муштарак ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои инноватсия, энергетикаи сабз, саноати истихроҷ, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва рақамисозӣ, идомаи табодули фаъол дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ, илму маориф ва дигар соҳаҳои афзалиятнокро баррасӣ менамоянд.
Ҳамзамон оид ба ҷанбаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом дода мешавад.
4 апрел иштироки роҳбарони ҳайатҳо дар ҷаласаи пленарии Форуми байналмилалии иқлими Самарқанд низ дар назар аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Узбекистон








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






