Дар шаҳри Душанбе оид ба рушди китобҳои бачагона ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои рушди адабиёти бачагона Муассисаи давлатии нашриявии «Адабиёти бачагона» таъсис дода шуда, лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шавад. Ин матлаб 10 апрел зимни баргузории ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Китоб ҳамчун рукни асосии тарбияи насли наврас» баён гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиш дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» доир гардид. Дар он дар бораи чопи китобҳои бадеӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ва баланд бардоштани қобилияти эҷодии кӯдакону наврасон мубодилаи афкор карда шуд.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иброз дошт, ки зербинои ҳар давлат аз тарбияи насли нав вобаста аст. Дар ин самт дониш, ҷаҳонбинӣ, ифтихору ғурури миллӣ, дӯстдории Ватан, арҷгузорӣ ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба шахсиятҳои таърихии миллат аз ҷониби наврасон муҳим ҳисобида мешавад.
Ҳамчунин дар ҳамоиш пешниҳод гардид, ки таҳия ва таълифи китобҳои бачагонаи бадеӣ, илмӣ-маърифатӣ ва асарҳои нотавӣ бо назардошти ба эътибор гирифтани хусусияти синнусолии кӯдакону наврасон зиёд гардад. Инчунин барои бозгардонӣ ва тавзеҳнамоии асарҳои классикӣ мутобиқи зеҳну фаҳми кӯдакону наврасон, омода намудани осори бадеӣ ва тарбиявии классикони тоҷику форс бо ороиши рассомони муосири тоҷик, тарҷума ва чопи осори бачагонаи ҷаҳонӣ дар баробари осори бачагонаи миллӣ, инъикоси дастовардҳои замони мусоир ва ба ин васила пешгирии таъсири афкори зараровар ба шуури наврасону ҷавонон тадбирҳо андешида шаванд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






