Дар шаҳри Турсунзода бинои нави маъмурии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» ба истифода дода шуд

Апрель 4, 2025 14:36

ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бинои нави маъмурии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» ба истифода дода шуд, ки зимни ифтитоҳи он Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ иштирок ва сухан намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» Ҷамолиддин Нахшов иттилоъ дод.

Бинои нави маъмурии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» дар муддати як сол бо ташаббуси роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бунёд гардид. Дар он тамоми шароити мусоиди корӣ барои кормандони Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» фароҳам оварда шудааст.

Бинои нави маъмурии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» аз як ошёна иборат буда, дорои 1 маҷлисгоҳ, 11 утоқи корӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.

Инчунин бинои нав бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст гардидааст. Бинои қаблии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар», ки ҳанӯз соли 1936 сохта шуда буд, хеле фарсуда гардида, ба талаботи рӯз мувофиқ набуд.

Ба истифода додани бинои нави маъмурии Истгоҳи роҳи оҳани «Регар» шароити мусоиди кориро барои кормандони ин истгоҳ, ки теъдодашон беш аз 65 нафар аст, фароҳам оварда, ба рушди соҳа муосидат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 4, 2025 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд