Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Вахш, Левакант ва Кӯшониёни вилояти Хатлон барои пешгирӣ аз паҳншавии малах корҳои безараргардонӣ идома доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, барои сари вақт гузаронидани чорабиниҳо ва дар ин замина муҳофизати майдонҳои кишти зироати кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзор аз зарари малахи марокашӣ, инчунин ҳалли мушкилоту камбудиҳо дар мубориза бар зидди малах тамоми тадбирҳо амалӣ гардонида мешаванд.
Ба тавсияи мутахассисон, малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзии вилояти Хатлон мефарояд.
Барои пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳо Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шудааст.
Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон вазифадор карда шудааст, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин дар ҳар шаҳру ноҳия харитаи мавзеъҳоро муайян карда, дар ин мавзеъҳо коркарди техникӣ гузаронанд. Инчунин барои сари вақт таъмиру омода кардани техникаю механизмҳои корхона ва ба миқдори зарурӣ захира намудани заҳрхимикатҳои сахттаъсир тадбирҳои зарурӣ андешад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»






