Дар Тоҷикистон моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз мегардад

Апрель 20, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 20.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни аҳолии ҷавони мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад.

Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, соли дуюм аст, ки бо ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Тартиби баргузории озмун

Озмун аз ду давр иборат буда, моҳи май оғоз гардида, то моҳи октябри соли 2025 идома меёбад.

Даври якум моҳи май дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, даври дуюм дар ҳафтаи чоруми моҳи сентябр ва ҳафтаи аввали моҳи октябр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври аввал дар Китобхонаи миллӣ баргузор мегардад.

Шартҳои иштирок дар озмун

Дар озмун донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) иштирок карда метавонанд.

Озмун бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешавад.

Дар раванди арзёбӣ ба сифати дониши довталабон ба муаррифии пурмазмуни осори Пешвои миллат ва рӯйдодҳои муҳими ҷумҳуриявӣ, ки ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот доранд, афзалият дода мешавад.

Ғолибони даври дуюми озмун, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро гирифтаанд, то се соли оянда ҳуқуқи иштирок дар озмунро надоранд.

Талабот ба иштирокчиёни озмун

Дониши азхудкардаи иштирокчиёни озмун аз рӯи мазмуни асарҳои осори Пешвои миллат муайян карда мешавад. Аз ҷумла:

-донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат;

-доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат;

-қобилияти нақл ва тафсири ҳодисаҳои давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-баёни порчаҳои муҳимми асарҳо, асосноккунии дастовардҳо, корнамоӣ ва фаъолияти созандаи Пешвои миллат;

-донистани санадҳои муҳими ҳуқуқӣ дар бораи мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани мероси таърихӣ, фарҳангӣ, моддӣ ва маънавии халқи тоҷик;

-донистани сарчашмаҳои таърихӣ, осори илмӣ ва бадеии дар осори Пешвои миллат истифодашуда;

-маҳорати суханварӣ, сухангӯӣ ва тарзи баён.

Меъёри арзёбии ғолибони озмун

Комиссияи озмун сатҳи дониши сиёсӣ ва фарҳангии довталабонро дар асоси меъёрҳои зерин арзёбӣ мекунад:

-ба ҳар довталаб 10 дақиқа вақт дода мешавад, то дар бораи ҳаёт ва фаъолият, мактаби идоракунии давлатӣ, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва китобҳои Пешвои миллат, инчунин тамоми осори таърихӣ маълумот пешниҳод намояд;

-барои арзёбии дониши довталабон ҷадвали 10-баллӣ муқаррар карда шудааст. Барои донистани ҳаёту фаъолият, хизматҳои шоиста ва корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба довталаб 10 хол, барои посухи хеле хуб 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна боло 4 ва барои баҳои миёна 3 хол дода шуда, ба посухи ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

Озмун дар даври аввал ва дуюм дар кадом шакл доир мегардад?

Протоколи ҷамъбасти натиҷаҳои даври якум тибқи муқаррароти Низомномаи озмун бо тасдиқи ректорони (директорони) муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва бо имзои раисони ҳакамони даври аввал ба Комиссияи озмун пешниҳод карда мешавад.

Шумораи ғолибони даври аввал, ки ба даври дуюм пешниҳод мешаванд, аз ду нафар бояд зиёд набошад.

Ҷараёни даври аввал тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет ва хадамоти телевизиону радиои маҳаллӣ, даври дуюм тавассути шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, инчунин дигар воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва намоиш дода мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои ғолибони даври аввал ба Комиссияи озмун барои иштирок дар даври дуюм то 20 июли соли 2025 муқаррар карда шудааст.

Дар даври дуюми озмун ғолибони даври якум ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: гурӯҳи аввал дар байни хонандагони мактабҳои миёна ва гурӯҳи дуюм дар байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ.

Ба иштирокчиёни озмун чӣ бартарӣ дода мешавад?

Ғолибони даври дуюм (се ҷойи аввал) пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯи ихтисоси интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, дарёфти унвони магистрӣ ва таҳсилоти дуюми олӣ ба муҳлати се сол бе имтиҳон бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии касбии баъдидипломии ҷумҳурӣ ройгон дохил мешаванд. Тартиби кабулро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ғолибони даври дуюми озмун дар барномаҳои телевизион ва радио намоиш дода шуда, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои илмию сиёсӣ ва гурӯҳҳои таблиғотиро пайдо мекунанд.

Ғолибон чӣ тавр муайян мегарданд?

Ҷойи аввал ба он иштирокчие дода мешавад, ки беш аз 90%-и осори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва азхуд кардааст.

Ғолибон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: ғолибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ;

-барои ҷойи якум-20 000 сомонӣ (ба ҳар як ғолиб);

-барои ҷойи дуюм-15 000 сомонӣ(ба ҳар як ғолиб);

-барои ҷойи сеюм (ду ҷой ба ҳар кадом гурӯҳ)-7 500 сомонӣ (ба ҳар як ғолиб) муайян гардидааст.

Дар умум барои озмун 100 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки яке аз ҳадафҳои муҳими озмун арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими ҳисси худогоҳӣ ва худшиносӣ, ифтихори миллӣ, таҳкими қобилияти соҳибкорӣ ва сарварӣ, бахусус дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ мебошад.

АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»

 

Апрель 20, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории илмӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ бо намояндагони Чин баррасӣ карда шуд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуданд
«Бахтиёр Худойназаров намояндаи барҷастаи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст», — бардошт аз форум дар Душанбе
ИМРӮЗ — РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Арзишҳои миллӣ дар кинои тоҷикӣ ҳамеша мавқеи марказӣ доранд
СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар доираи он форуми байналмилалӣ доир мегардад
Дар Душанбе Иди Меҳргонро бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ таҷлил менамоянд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Барои меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд
Дар Душанбе Фестивал-симпозиуми байналмилалии фалак баргузор гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Ҷаласаи калидӣ дар «Душанбе-Инвест-2025»
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Шоми имрӯз дар Боғи Куруши Кабир барномаи рангини фарҳангӣ доир мешавад
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии илмию техникӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Москва ҳамоиш оид ба 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид