Даъватшавандагони ноҳияи Муъминобод бо дуои неки модарон озими хизмат ба Ватан гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод 120 нафар ба хизмати Ватан ҷалб гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ нақша пурра иҷро гардид, зеро маълум шуд, ки бештари ҷавонон бо хоҳиши худ барои хизмат ба Ватан омадаанд. Бори сеюм аст, ки ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати тирамоҳӣ ва баҳориро дар рӯзи аввал ба анҷом мерасонад.
Ҳамзамон ба 40 нафар ҷавонон, ки ихтисоси ронандагиро азхуд кардаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари боиқтидори миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқуъ пайваст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва ҳам маҳорати ҳарбию интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти бештар дорад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.
Баъдан чун анъана маросими нонгазон баргузор гардида, модарон бо нияти нек ба фарзандонашон хизмати содиқона таманно намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






