Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкатҳои телекоммуникатсионӣ густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 10.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо намояндаи ширкати телекоммуникатсионии «Euteslat OneWeb» Ветлугин Дмитрий вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо густариш додани ҳамкориро дар заминаи таъмини интернети моҳвораӣ баррасӣ намуданд.
Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои санҷиширо барои оғози ҳамкорӣ шуруъ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки «Eutelsat OneWeb» яке аз ширкатҳои маъруфи таъминкунандаи интернет аз тариқи моҳвора буда, дорои системаи қавии телекоммуникатсионии моҳвораӣ мебошад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






