ИМА имзои Шартномаи сеҷонибаи сарҳадиро байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон истиқбол намуд

Апрель 3, 2025 12:36

ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ ва Шартномаи ба наздикӣ имзошуда байни ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро дар бораи нуқтаи пайвастшавии сардҳадҳои онҳо истиқбол менамояд. Дар ин хусус дар изҳороти Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст.

Таъкид гардидааст, ки чунин қадамҳо барои дастгирии ҳамгироии минтақавӣ ва мусоидат ба субот муҳим мебошанд.

Изҳори умедворӣ карда шудааст, ки ин санад ба имконоти бештари иқтисодӣ, робитаҳои наздиктар байни мардуми се кишвар ва дар маҷмуъ ба минтақаи қавитар оварда мерасонад.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 3, 2025 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд