Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Лето-2025» муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 05.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 29-уми байналмилалии сайёҳии «Лето-2025» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия муаррифӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ яке аз намоишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон ба шумор рафта, ҳамасола дар он 120 давлати дуру наздик иштирок менамоянд.
Зимни намоишгоҳ гӯшаҳои сайёҳии давлатҳо ташкил шуда, имконоти соҳаи сайёҳии онҳо муаррифӣ гардиданд.
Инчунин дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳои B2C ва B2B баргузор гардида, масъалаҳои рушди фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, масъалаҳои кадрӣ ва рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи 29-уми байналмилалии сайёҳии «Лето-2025» 3-4 апрел дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия доир гардид.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад






