Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 07.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ оғоз гардида, то 11 апрел дар бахшҳои гуногун идома меёбад.
Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласа масъалаҳои гуногуни соҳаи алоқаи барқии мамлакат, танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ баррасӣ гардида, ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ дар чанд бахш гузаронида мешавад.
Инчунин дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ Форуми «Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал» ва Намоишгоҳи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор мегардад.
Ба ҷаласа иштирокчиён аз 19 давлати ҷаҳон ва намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) дават гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ доир ба танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ ҳар сол ду маротиба дар тамоми давлатҳои аъзо ҷаласа баргузор менамояд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






