Китобҳои ноширони тоҷик ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Абузабӣ» пешниҳод шуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар Маҷмааи намоишгоҳии ADNEC-и шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб даври 34-уми Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Абузабӣ» оғоз гардид. Намоишгоҳ то 5 май идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба намоишгоҳ аз ҷониби муассисаҳои нашриявии «Адиб» ва «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 60 китоби тозанашр пешниҳод гардиданд. Дар ин гӯша китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Tajiks in mirror of the history», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ба намоиш гузошта шудаанд.
Осори адибони классик ва муосири тоҷик дар силсилакитобҳои «Ахтарони адаб», «Ҳафт ахтар», «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно, «Девони замон»- и Лоиқ Шералӣ, «Офтоби зиндагиафрӯз»-и Давлат Сафар ва даҳҳо китобҳои дигари назмию насрии адибони гузашта ва имрӯзи тоҷик низ пешниҳод гардидаанд.
Дар назар аст, ки дар доираи намоишгоҳи байналмилалӣ вохӯрӣ бо адибону ноширони ҷаҳонӣ низ баргузор шавад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






