Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Форуми ҳизбҳои сиёсии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд

Апрель 24, 2025 09:29

ДУШАНБЕ, 24.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Шинҷони Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми ҳизбҳои сиёсии Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Инъикоси руҳияи Шанхай — мусоидат ба рушди устувор. СҲШ: масъулият ва рисолати ҳизбҳои сиёсӣ» расман ифтитоҳ ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиши сатҳи баланд намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ аз 20 давлати ҷаҳон, аз ҷумла роҳбарони ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок доранд.

Зимни ифтитоҳ иброз гардид, ки Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз яке аз ташкилоти таъсиргузори минтақа ва ҷаҳон ба шумор рафта, қаламрави васеъ ва шумораи зиёди аҳолии сайёраро дар бар мегирад.

Дар қисмати расмии форум суханронии шахсиятҳои баландпояи сиёсии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Зимни суханронӣ Маликшо Неъматзода Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат ва Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокчиёни форум манзур  намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори таҳкими бештари ҳамкорӣ байни ҳизбҳои сиёсии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.

Дар ҷаласаи пленарии форум роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Русия суханронӣ намуда, зарурати тақвияти ҳамкории байниҳизбӣ, табодули таҷриба ва татбиқи усулҳои нави ҳамкориро таъкид карданд.

Зимни мулоқот изҳор гардид, ки ирсоли Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни форум бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди муносибатҳои минтақавӣ ва байниҳизбӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ва Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай бахусус дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ ҳамкории босамар пеш мебаранд. Таъкид шуд, ки таъмини субот ва рушди ҳамкории мутақобили судманд яке аз ҳадафҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода аз номи ҳайати Тоҷикистон ба намояндагони Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин барои даъват ва меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории сиёсӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин таваҷҷуҳи хосса доранд. Тоҷикистон ба рушди минбаъда ва таҳкими бештари ин робитаҳо манфиатдор аст.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

 

Апрель 24, 2025 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи мубориза бо коррупсия барои ҷавонон дарси кушоди омӯзишӣ баргузор гардид
Гурӯҳи кории Хадамоти иҷро бо фаъолият ва шароити кори судиҷрочиёни шаҳру ноҳияҳои Суғд шинос гардид
Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ дохил шуд
Оилаи Саидвалӣ Тоиров аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни «Оилаи беҳтарин» гардид
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Бунёди ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз яке аз масъалаҳои муҳими оила аст
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст карда мешавад
ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон то 17 май ҳарорати ҳаво баланд мешавад
Оила — ҷоест, ки дар он ҳама аъзои хонавода эҳсоси оромиш, амният ва ишқ намоянд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Дар Шанхай вохӯрии роҳбарони сохторҳои минтақавӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи минтақаҳои наздимарзии давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» ҷамъбаст гардид
Нахустин маротиба дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд