Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Инопром Осиёи Марказӣ-2025» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Инопром Осиёи Марказӣ-2025», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир мегардад, иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо дастовардҳои саноатии давлатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, ки дар ин намоиш ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, шинос шуда, бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамшед Хоҷаев ва муовини якуми Сарвазири Федератсияи Русия Денис Мантуров мулоқот намуд.
Ҳамчунин дар толори баргузории намоишгоҳ Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зимни суҳбат бо муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода оид ба таҳкими муносибатҳои дӯстона изҳори назар карда, ҳамкорӣ дар соҳаи саноатро дар муносбатҳои байнидавлатӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба сатҳу сифати намоишгоҳ баҳои баланд дода, оид ба рушди равобити дуҷониба дар соҳаи саноат изҳори назар кард.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон










Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






