Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 71-уми Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 апрел Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода дар ҷаласаи 71 – уми сатҳи баланди Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа Намояндаи доимӣ дар бахши сатҳи баланд «Амал дар соҳаи иқлим ва инфрасохтор барои рушди устувор» вобаста ба ташаббус ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист, иқлим ва пиряхҳо, инчунин ташаббусҳои байналмилалии мамлакат дар мавриди обу иқлим суханронӣ намуд.
АКС: Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд






