РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДОНИШҲОИ ЭКОЛОГӢ. Беҳдошти муҳити зист замина барои ояндаи ҷомеаи солим мебошад

Апрель 15, 2025 13:55

ДУШАНБЕ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел Рӯзи ҷаҳонии донишҳои экологӣ маҳсуб мешавад. Ба таъсиси ин сана Конфронси Созмони Милали Муттаҳид соли 1992 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия замина гузошт. Пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ аз ҳадафҳои асосии Рӯзи ҷаҳонии донишҳои экологӣ мебошад. Муҳим будани донишҳои экологӣ дар замони муосир яке аз ҷабҳаҳои муҳим дар таълим ва тарбияи насли наврас ва дар маҷмуъ аҳолӣ маҳсуб мешавад. Зеро фаъолият барои пеш бурдани маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбат ба муҳити зист – ин кафолати ояндаи солим барои инсоният мебошад.

 

Қабули ду барномаи давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, яке аз вазифаҳои муҳими амалисозии сиёсати давлатӣ- ин тарбияи маърифати экологӣ мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ду барномаи давлатӣ, ки ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, амалӣ гардид. Яке аз онҳо «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мебошад. Ҳадафи барнома ба рушди низоми бефосилаи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ нигаронида шудааст. Барнома барои тарбияи инсоне, ки муҳимияти мушкилоти муҳити зистро дарк мекунад ва дорои дониш, маҳорат ва малакаи зарурӣ буда, барои аз ҷиҳати экологӣ дуруст ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат зарур мебошанд, пешбинӣ шудааст. Бо мақсади татбиқи ин барнома ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа соли 2023 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 1064 Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд.

Беҳдошти муҳити зист — ояндаи солимии ҷомеа

Рӯзи донишҳои экологӣ на танҳо ба шахсоне, ки ба омӯзиши маърифати экологӣ машғуланд, мансуб аст, балки ба ҳамаи шаҳрвандон тааллуқ дорад, зеро беҳдошти муҳити зист — ояндаи солимии ҷомеа мебошад. Ҳар қадар аҳолӣ аз лиҳози донишҳои экологӣ бомаърифат гардад, ҳамон қадар ҷомеа муваффақ ва муҳити зистамон ободу зебо ва тоза мешавад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ, хусусан тарғиби донишҳо ва маърифати экологӣ буда, зимни фаъолияти воҳидҳои сохтории Кумита тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радио гузоришу барномаҳо пахш шуда, инчунин дар нашрияҳо мақола доир ба масъалаҳои экологӣ нашр мегарданд. Байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла ташкилоту корхонаҳо, истифодабарандагони табиат, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёна ва олӣ ҳамоишу конфронс ва суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд, ки дар тарғиби донишҳои экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ дар байни аҳолӣ нақши муҳим мегузоранд.

Қабули қонун «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ»

Соли 2010 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ»-ро қабул намуд. Ин қонун принсипҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодии сиёсати давлатиро дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ба танзим медарорад. Фаро гирифтани шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа бо донишҳои умумии экологӣ, мусоидат ба ташаккули тарбия ва фарҳанги экологӣ, созгории таъсири мутақобили инсон, аҳли ҷомеа, муҳити зист ва ташаккули шахси ҳаматарафа рушдёфта аз ҳадафҳои асосии ин қонун мебошанд. Вазифаҳои қонун аз таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба рушди донишҳои экологӣ, тарбия ва фарҳанги экологии аҳолӣ ва ғайра иборат мебошад.

Барои наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои муассир андешем

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат таъкид намуда буданд, ки «таъмини зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон мулки обод мерос гузорем. Бинобар ин, аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирии харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем».

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 15, 2025 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бонки миллии Тоҷикистон тағйироти охирин дар Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ баррасӣ гардид
«Somon Air» ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 дастрас менамояд
Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз гардид
Намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи кишти чигит зиёда аз 86 фоиз иҷро гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо нашъунамои чигити зери плёнка дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ёвон шинос шуд
Душанбе моҳи август мизбони «Food industry Forum of Tajikistan-2026» мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо дар Боку иштирок намуданд
Ҳаҷми умумии ҳамлу нақл байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5,8 фоиз афзудааст
ТАВАҶҶУҲ! Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ намегардад!
Дар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд