Сафири Тоҷикистон бо директори филиали Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии Русия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел дар вилояти Калининград мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Директори филиали Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Россия (РАНХиГС) Михаил Плюхин баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, зимни мулоқот оид ба ба омода намудани мутахассисони баландихтисос, гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва зиёд намудани бурсияҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон табодули афкор карда шуд.
Зимни мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса, аз ҷумла вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо баррасӣ гардид.
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Калининград таҳсил менамоянд, мулоқот намуд.
Дар мулоқот роҳбари намояндагии дипломатӣ доир ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» баён доштанд, ба таври муфассал сухан гуфта, муҳтавои нуктаҳои асосии онро шарҳу тавзеҳ дод.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 33 соли истиқлолияти давлатӣ натиҷагирӣ шуда, дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат барои солҳои минбаъда муайян гардид.


Сафир доир ба вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, инчунин мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуд.
Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид маълумот дод.
Дар анҷоми мулоқот роҳбари намояндагии дипломатӣ ба донишҷӯён тавсия дод, ки вақти холии худро барои омӯхтани касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи замонавӣ бештар сарф намоянд.
Ҳамзамон, дар вилояти Калининград, мулоқоти Сафир бо курсантҳои тоҷик, ки дар Донишкадаи сарҳадии Хадамоти федералии амниятии Русия таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия








Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд






