Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ аз имзои санадҳои таърихӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон истиқбол кард
ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел Дабирхонаи кулли Шурои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷ (GCC) аз натиҷаҳои мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки дар доираи он санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расиданд, истиқбол намуда, дар ин бора изҳороти расмӣ интишор дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.
Дар изҳороти Шурои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷ чунин омадааст: «Ҷаноби олӣ Ҷосим Муҳаммад Албудайви Дабири кулли Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷ (GCC) аз Эъломияи Хуҷанд дар бораи таҳкими роҳҳои дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин аз Шартнома дар бораи муайян намудани нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар, ки рӯзи душанбе, 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, истиқбол намуд.
Ҷаноби Дабири кулл ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки муайян кардани нуқтаи пайвастшавии сарҳадии муштарак як гардиши таърихӣ чиҳати поён додани саҳифаи баҳсҳои марзӣ ба ҳисоб рафта, асоси роҳандозии муносибатҳои стратегӣ ба хотири таъмини амнияту субот ва тавсеаи ҷанбаҳои рушду шукуфоӣ ба нафъи мардумони онҳо хоҳад буд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ










Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






