Смартфонҳо VS телефонҳои тугмачадор: «Имконоти рақамӣ» ғолиб меоянд!
ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зиёдшавии дастрасии интернети мобилӣ ва хизматрасониҳои мувофиқи рақамӣ одатҳои корбаронро тағйир медиҳанд. Сокинони мамлакат бештар ба смартфонҳо бартарӣ медиҳанд ва телефонҳои тугмачадор зуд маъруфияти худро аз даст медиҳанд.
Дар байни ҷавонони аз 18 то 24-сола аксарият аз хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ тавассути смартфонҳо истифода мебаранд. Дар ин категорияи синну солӣ аз сад нафар танҳо якчанд кас телефони тугмачадор дорад.
Ҳиссаи назарраси смартфонҳо дар дасти муштариёни аз 25 то 34-солаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дида мешавад.
Истифодабарандагони аз 35 то 49-сола низ тахминан ба онҳо наздиканд. Барои муштариёни ин категория хушхабаре ҳаст. Соли 2025 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ маҳдудияти синну солро боло бурда, ашхоси то 45-соларо ба гурӯҳи ҷавонон мансуб медонад. Ва ин тасмими дуруст аст, зеро онҳо ҳам ба технологияҳои нав шавқу ҳавас доранд ва аз онҳо фаъолона истифода мебаранд. Барои бисёриҳо смартфон аллакай танҳо воситаи муошират набуда, балки дастгоҳи корӣ ва «воситаи вуруд» ба олами фароғат маҳсуб мешавад.
Рақамҳо дар гурӯҳҳои калонсолон низ ҷолибанд. Бар хилофи тасаввуроти маъмулӣ дар бораи одамони солхӯрда дастгоҳҳое, ки барои истифодаи фаъоли интернети мобилӣ пешбинӣ шудаанд, дар байни онҳо пешсафанд. Тибқи таҳқиқоти оператор, ҳатто дар категорияи синну соли «65+» ҳамагӣ сеяки муштариён аз дастгоҳҳои тугмачадор истифода мебаранд.
Асосан дар фазои интернетӣ гурӯҳҳои калонсол ба муошират тавассути паёмрасонҳо ва тамошои видеоконтентҳо афзалият медиҳанд. Бо мақсади қонеъ гардонидани шавқу ҳаваси мизоҷон ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои онҳо пешниҳодҳои муфид таҳия мекунад. Дар байни онҳо хизматрасонии «Oila TV», ки 170 шабакаи телевизионӣ, инчунин беш аз 100 ҳазор филму силсилафилмҳоро дар бар мегирад ва бастаҳои интернетии силсилаи «MIX», ки барои интихоби ҳаҷми зарурии трафик имкон медиҳанд, маъмуланд.
Муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар аз кадом дастгоҳҳо истифода мебаранд? Брендҳои маъмултарин Samsung, Xiaomi, Apple ва Huawei мебошанд. Афзалият ба смартфонҳои категорияи нархашон миёна ва баланд дода мешавад, ки суръати баланди кори ҳама гуна хизматрасониҳои рақамиро таъмин мекунанд.
Ҷолиб он аст, ки дар ҳар категорияи синну соли муштариён ҳиссаи начандон зиёди симкортҳо на ба смартфонҳо ё телефонҳои тугмачадор, балки ба дастгоҳҳои дигар, ба монанди планшетҳо, дастбандҳои фитнес ва системаҳои «Хонаи ҳушманд», ки бо интернети мобилӣ фаъолият менамоянд, рост меояд.
Бо назардошти афзоиши ҳиссаи гаҷетҳое, ки барои таҳвили маълумот пешбинӣ шудаанд, дар байни тарофаҳои оператор бештар ба «Биё! Бисоз Life» афзалият дода мешавад. Зимнан, аксарияти муштариён ҳангоми «сохтани» тарофаи худ бастаҳоро бо ҳаҷми зиёди трафики интернет интихоб мекунанд, то ки ба шабакаи умумиҷаҳонӣ дасрасии мукаммал дошта бошанд. Дар байни хизматрасониҳои интернетӣ сервиси «Интернет барои ҳар ҳолат», ки барои пайвасткунии то се SIM-корти иловагӣ ва идоракунии гаҷетҳои гуногун имкон медиҳад, маъруфияти худро нигоҳ медорад.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад






