ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, чоршанбе, 113-умин рӯзи соли 2025 аст

Дар ин рӯзи соли 1958 нахустин анҷумани рассомони Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
***
23 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид.
***
23 апрели соли 2015 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои сеошёнаи маркази таълимӣ-хизматрасонии «Меҳри Модар» ба истифода дода шуд.
***
23 апрели соли 2016 дар Душанбе масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Москва ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Минск дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муҳокима гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд, ки зимни суҳбат маҷмуи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
***
23 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби давлатҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Кумамотои Ҷопон баргузор гардид, бо паёми видеоӣ суханронӣ намуданд.
***
23 апрели соли 2023 дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва раванди корҳои бунёдию созандагӣ дар мамлакат аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия хонум Ҷорҷия Мелонӣ мулоқот намуданд. Дар доираи мулоқот 7 санади нави нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
23 апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд.
23 АПРЕЛ:
Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқҳои муаллиф.
***
Рӯзи забони англисӣ дар Созмони Милали Муттаҳид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Абдуҷаббор Азизӣ- соли 1955 -ходими давлатии Тоҷикистон
***
Қурбоналӣ Абдулло -соли 1964 —овозхони номдори тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.