Тоҷикистон бо ширкати СЕЕС-и Чин дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамкорӣ менамояд

Апрель 1, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва баланд бардоштани дониши касбӣ-техникии кормандони соҳаи энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби президенти ширкати «China Energy Engineering Group Со., Ltd.» (СЕЕС)-и Чин Cюэ Данфэн дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот ҳамзамон оид ба имконоти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши гидроэнергетика рӯнамо манзур гардид.

Гуфта шуд, ки СЕЕС байни 500 ширкати бузурги ҷаҳон дар мавқеи 269-ум қарор дошта, дар айни замон дар 140 давлат лоиҳаҳоро татбиқ менамояд.

Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 1, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд