«ЗАМИН — ГАНҶИНАИ ХАЙРУ САХОВАТ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин ва Соли ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид

Апрель 21, 2025 18:21

ДУШАНБЕ, 21.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар» тибқи нақшаи муштараки Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ва Раёсати беҳдошти замин ва кишоварзии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин ва эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Замин — ганҷинаи хайру саховат»  конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ баргузор гардид.

Дар оғози  кори конференсия иштирокдорон аз намоиши қитъаи замини таҷрибавии Коллеҷ боздид намуданд. Сипас, зимни ифтитоҳи конференсия директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар» Шаҳром Ҷалилов таъкид намуд, ки Рӯзи Замин ҳамасола 22 апрел ҷашн гирифта мешавад.

Соли 2009 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома қабул намуд, ки ҳамасола санаи 22 апрел чун Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда шавад. Ҳадафи чунин иқдом — ҷалби оммаи васеъ ба масоили мубрами ҳифзи муҳити зист мебошад.

Таъкид гардид, ки Замин хонаи умумии мост ва барои ноил шудан ба мувозинаи одилона миёни талаботи мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, инчунин таъмини муназзамии табиати сайёра барои наслҳои оянда, андешидани чораҳои мушаххас зарур аст. Масъалаҳои доғи экологӣ — аз қабили гармшавии иқлим, сӯрохшавии қабати озон, об шудани пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби уқёнусҳо, эрозияи хок, ихроҷи дуди ғализи корхонаҳои саноатӣ, бодлесӣ, ифлосшавии муҳити зист бо маводҳои кимиёвӣ ва садҳо муаммои дигар, худ ба худ ба миён наомадаанд. Ҳамаи ин натиҷаи дахолати инсон ба равандҳои табиӣ мебошанд.

Вазифаи асосии ин сана — хотиррасон кардани масъулияти инсон ва ҷалби таваҷҷуҳ ба хатару чолишҳои глобалӣ мебошад, ки хонаи умумии моро таҳдид мекунанд.

Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон низ бахшида ба Рӯзи Замин чорабиниҳои гуногун доир мегарданд. Дар ин рӯз гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои назариявию амалӣ, ба монанди семинару мизҳои мудаввар, аксияҳои экологӣ, аз ҷумла тоза кардани заминҳои бо заҳрхимикатҳо олуда, ҷамъоварии партовҳои пластикӣ ва дигар иқдомҳо ба ҳукми анъана даромадаанд.

Бояд таъкид кард, ки ҳудуди Тоҷикистонро 93% куҳсор ташкил медиҳад. Дар сурати самаранок ва оқилона истифода бурдани ҳар як қитъаи замин мо меҳру муҳаббати худро нисбат ба Замин — Модар нишон медиҳем. Ин масъулияти умумии мо ва масъулияти ҳар як фард аст.

Ҳамоиш бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, Раёсати беҳдошти замин ва кишоварзии вилояти Хатлон ва Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар» баргузор гардид.

АКС: Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар»

Апрель 21, 2025 18:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон оид ба дарки коррупсия таҳқиқоти маҷмуии сотсиологӣ анҷом дода шуд
Дар «Боғи Ирам» Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» доир мегардад
Аввалин таҳқиқоти Маркази яхшиносии Тоҷикистон оид ба тавозуни зимистона гузаронида шуд
Масъалаи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гардид
«Корвони саломатӣ». Ба сокинони деҳоти дурдасти вилояти Суғд хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Наваскарони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон савганди садоқат ёд намуданд
Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври сеюми Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» баргузор мешавад
Дар Хатлон ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ туҳфаҳои моддию молиявӣ тақдим карда шуд
Зулфиқор Гулаҳмадзода: «Ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бояд ба тарзи бефосила, бетанаффус ва доимӣ машғул шавем»
ҲИФЗИ ВАТАН ВА ҲИМОЯИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ МАРДУМ. Ин амал барои ҳар шаҳрванди огоҳу соҳибватан вазифаи муқаддас аст
Дар Душанбе чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Фарзанди Тоҷикистонам!» доир карда шуд
ГУЛЕ, КИ ТАРБИЯТ АЗ ДАСТИ БОҒБОН НАГИРИФТ. Чаро баъзе аз падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд?