35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Роҳи деҳаи Нурободи ноҳияи Шаҳринав мумфарш карда шуд

Май 13, 2025 16:10

ШАҲРИНАВ, 13.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  як километр роҳи деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав бо ташаббуси соҳибкорону сокинони ҷамоат мумфарш карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Роҳбарияти ноҳия  зимни оғози  мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ  иброз намуданд, ки бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

То имрӯз дар ноҳия садҳо иншоот ба истифода дода шуда, барои ривоҷи корҳо дар ин самт сохтмони иншооти таъйиноти гуногун низ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ бо дастгирии соҳибкорони бонанги диёр ва сокинони маҳал  низ вусъат меёбад. Амалӣ намудани  ин кори хайр ба рушди деҳот таъсири мусбат расонида,  барои  фарзандон ва насли оянда шароити хуб фароҳам оварда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Май 13, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд