Ҷавонони Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ бо тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ (GCC), ки аз 21 то 24 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирокдорони он Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Меҳмононро шахсони масъули муассиса пешвоз гирифта, барои онҳо аз ҷониби роҳбаладон бо забонҳои англисӣ ва арабӣ сайрҳои осорхонавӣ ташкил карда шуданд.
Ба меҳмонон таърихи куҳани халқи тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои марбут ба «Асри санг», «Саразм», «Оини зардуштӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Кушониён», «Сосониён», «Ҳайтолиён», «Панҷакенти Қадим», «Аҷинатеппа», «Сомониён», толорҳои «Кулолгарӣ», «Сиккаҳо», «Мисгарӣ», «Мероси хаттӣ» ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ карда шуд.
Баъди анҷоми сайри осорхонавӣ ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби сабти таассуроти «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшонро навиштанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






