Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои солҳои 2025-2030 дар радифи дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки татбиқи амалии он дар панҷ соли минбаъда пешбинӣ шудааст, ташаккули иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист, беҳдошти вазъи экологӣ, мусоидат ба татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об, пешгирӣ намудани таназзули замин, пиряхҳо, об, ҷангал ва баланд бардоштани маърифати экологии мардум мавқеи муҳимро ишғол намудаанд. Ин нуктаро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар иртибот ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» дар Душанбе баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, директори Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Назриалло Шерализода ва дигарон доир ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои марбут ба обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, оид ба вазъи пиряхҳои Тоҷикистон, таъсири тағйирёбии иқлим ба иқтисоди Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо сухан намуданд.
Тоҷикистон бо саъю талош ва масъалагузориҳои мантиқиву саривақтии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати фаъолу ташаббускор ва пешоҳанг шинохта шудааст.
Ин омили муҳим боиси он гардид, ки Тоҷикистон на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хоси дипломатияи худ дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, алалхусус пешбурди талошҳои ҷаҳонӣ барои коҳиш додани обшавии пиряхҳо фаъолона иштирок намояд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳодҳои илман асоснок манзур намояд.
Дар ҷараёни ҳамоиш байни иштирокдорон мубодилаи афкор доир шуд. Ҳамзамон бархе иштирокдорони ҳамоиш, хусусан собиқадорон бо медали ҷашнии «30-солагии ҲХДТ» ва «Сипоснома»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон










Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид






