Байни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Озарбойҷон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Май 21, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Консерваторияи миллии Озарбойҷон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Созишномаи ҳамкорӣ 20 май дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Баҳодур Давлатзода ва ректори Консерваторияи миллии Озарбойҷон Камила Дадашзаде ба имзо расид.

Ин санад ҳамкории дуҷонибаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Озарбойҷонро таъмин намуда, ба рушди мавзуъҳои дар созишнома ба имзорасида мусоидат менамояд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тавсеаи ҳамкории судманди дуҷониба, ташкили фестивалҳо, семинару симпозиумҳои байналмилалӣ, консертҳои муштарак, дарсҳои маҳорат, табодули академии омӯзгорон ва донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Май 21, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид