Бар зидди бемориҳои замбурӯғӣ ва вирусии дарахтони мевадиҳанда кадом тадбирҳоро бояд андешид?

Май 4, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 04.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳарорати баланди рӯзҳои охири моҳи апрел боиси зиёд гардидани бемориҳои занбурӯғӣ дар дарахтони мевадиҳанда гардидааст. Дар баргҳои дарахтон ҳашароти зараррасон низ ба мушоҳида мерасад. Барои пешгирии ин бемориҳо ходими пешбари илмии технологияи инноватсионии ниҳолпарварии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров чунин тавсия медиҳад:

— То имрӯз зиёда аз 20 намуди бемориҳои замбурӯғӣ, вирусӣ, бактериявӣ ва 60 намуди ҳашароти зараррасони хояндаю маканда ба қайд гирифта шудааст, ки ба дарахтони мевадиҳанда хисороти  калон мерасонанд.  Ин ҳашарот баъзе солҳо на танҳо ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулотро паст мегардонанд, балки дар бархе хоҷагиҳо ҳосили боғотро пурра нест менамоянд.

Бинобар ин зарур мешуморем, ки барои паст кардани сатҳи афзоиши касалию ҳашарот ва хисороти онҳо ҳамаи усулҳои мубориза дар маҷмуъ истифода бурда шаванд. Пеш аз ҳама, чорабиниҳои пешгирикунандаи агротехникӣ бояд иҷро гарданд. Яъне, сари вақт шаклдиҳию шохабурии дарахтон, шудгори байни қаторҳо, нарм кардани  бехи дарахтон, обмонӣ, яхобмонӣ, ғизодиҳӣ ва ғайраҳо бояд иҷро карда шаванд.

Ҳамзамон чораҳои  селексионӣ гузаронида шаванд. Яъне, интихоби навъҳо бояд ба шароити маҳал мутобиқ гардад. Инчунин чорабинии карантинӣ бояд доир шавад, яъне  ниҳолҳои солими аз касалию ҳашароти карантинӣ озод шинонида шаванд.

Ҳар як боғпарвар дар ҳолати мушоҳидаи чунин ҳашарот бояд дар танаи дарахтон ва шохаҳои ғафс барои ҷамъ карда гирифтани ҳашарот миёнабандҳои қапандаро аз матоъҳои дурушт (коғаз, тол, линчаҳои канабӣ ва ғайра) бандад. Ҳамчунин буридани навдаю ҷамъоварии баргҳои касал, канда гирифтани пӯстлохи кӯҳнаи танаи дарахтон, гирд овардани меваҳои пӯсидаю  касал ва сӯзондани онҳо усулҳои механикӣ мебошанд.

Ҷалб намудани парандагон ва ҳашароти фоидаовар, истифодаи маҳлулҳои аз баргу пояи растаниҳо тайёршуда ва доруҳои кимиёвии дорои асоси биологӣ усули биологӣ мебошанд.

Бо усули кимиёвӣ бояд фунгсидҳо, маҳлули бордосӣ, оксихлоридимис, ИСО, Сулфур, Абига биг, Байлетон, Ридомил голдц, Суперстар, Топаз, Топсин, Фиминт, Панч ва ғайраро бар зидди касалиҳо ва инсектидсидҳо истифода намоянд. Инчунин  нуриҳои Ариво, БИ-58 – нав, Детсис, Каратэ, Мосплан, Нурелл –Д, Суми-алфа, Толстар, Фюре, Омайт ва дигарҳо бояд ба муқобили ҳашароти зараррасон дар давраи ниҳоӣ, ҳангоми зиёд будани меъёри афзоиши касалӣ ва ҳашарот истифода бурда шаванд.

Тавсия дода мешавад, ки пас аз хазонрез то кафидани муғҷаҳо бо яке аз ин доруҳо, ба монанди  ДНОК, Препарат – 30, моеъи Бордосии 3 фоиза коркард кардани боғ самаранок аст.

Сари вақт ва босифат гузаронидани чорабиниҳои тавсияшуда  ба баланд гардидани ҳосилнокии боғҳо ва истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи бозори имрӯза ҷавобгӯ мусоидат менамояд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Май 4, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад