Чаро дар муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбия ва корҳои ободонию интизоми меҳнат риоя намегардад?

Май 6, 2025 17:23

ДУШАНБЕ, 06.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сатҳу сифати  таълиму тарбия ва корҳои ободонию интизоми меҳнат дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор то ҳол нигаронкунанда мебошад. Ин камбудиҳо зимни шиносоии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раванди таълиму тарбия дар ин муассисаҳо ошкор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни шиносоии Вазири маориф ва илм маълум гардид, ки мутаассифона, дар баъзе муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор аз камтаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳо корҳои таълиму тарбия ва ободонӣ дар сатҳи зарурӣ амалӣ нашуда, интизоми меҳнат ва иштироки хонандагон дар дарсҳо ба таври ҷиддӣ нигаронкунанда мебошад.

Аз ҷумла, ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ва муовини директор оид ба хоҷагидорӣ дар вақти корӣ бе сабабҳои узрнок дар кор набуданд.

Ин муассиса дорои 16 синфхона буда, барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар он 38 омӯзгор ба таълиму тарбияи 913 хонанда дар ду баст машғул мебошанд.

Дар синфи 9 «А»-и ин муассиса аз 33 хонанда 22 нафар иштирок дошта, 14 нафар ё 38,8 фоизи хонандагон иштирок надоштанд. Мувофиқи ҷадвали дарсии синф мебоист ҳар хонанда бо худ 6 китоби дарсӣ  меовард ва маҷмуи китобҳои овардашуда 132 ададро ташкил медод. Санҷиш собит намуд, ки хонандагон аз 2 то 3 китоб овардаанд, ки 50 фоизро ташкил медиҳад.

Аз 22 хонанда ягон нафар ба одитарин саволҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла муаррифии худ ба забонҳои русӣ ва англисӣ, муодилаҳои одӣ аз синфи 7 ва технологияи иттилоотӣ чист, ҷавоб дода натавонист.

Ҳолати синф ва дар умум муассиса ба одитарин талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набуда, роҳравҳо ва атрофи муассиса, новобаста аз он ки мактуби дастурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати тозаю озода нигоҳ доштани атрофи муассисаҳо дар арафаи Наврӯз ирсол гардида буд, тоза набуданд. Сару либоси тавсиявӣ дар муассиса на аз ҷониби хонандагон ва на аз ҷониби омӯзгори дарсдиҳанда риоя карда нашудааст. Ҳол он ки тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»  муассисаи таълимӣ муваззаф гардидааст, ки пӯшидани либосҳои дахлдорро риоя ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдоштӣ диққат дода, барои пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ бе зарурати тиббӣ, аз ҷумла холкӯбӣ тадбир андешанд.

Дар синфи 10 «А»-и муассиса аз шумораи 33 хонанда 22 нафар иштирок дошта, 11 хонанда ё 33,3 фоиз бо сабабҳои номаълум иштирок надоштанд. Дар ин синф танҳо 2 хонанда- як нафар ба саволҳои русӣ ва як нафар ба саволҳои англисии матраҳгардида ҷавоб дода тавонист. Аз шумораи 22  хонанда  20 нафар ба ягон савол ҷавоб надоданд, ки ин ҳолати нигаронкунанда мебошад.

Фаъолияти муҳосиби муассиса низ ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид.

Давоми фаъолияти се соли охир муассиса дастовардҳои назаррас надошта, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мешаванд, хонандагону омӯзгорон сазовори ҷойи ифтихорӣ нагардидаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Ҳисор барои 1650 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, ҳоло дар он 2668 хонанда дар ду баст таҳсил менамоянд. Шумораи умумии омӯзгорон 98 нафар мебошад.

Ҳангоми шиносоӣ бо давомоти синфи 9 «Б»-и муассиса маълум гардид, ки иштироки хонандагон нисбатан хуб бошад ҳам, бо худ новардани китобҳо аз ҷониби хонандагон ҳолати нигаронкунанда ҳисобида мешавад. Хонандагони синфи 9 «Б»-и муассиса дар рӯзи душанбе 6 соат дарс доштаанд, вале ба ҳисоби миёна 2-3 китоб бо худ овардаанд, ки 50%-ро ташкил медиҳад. Илова бар ин, 6 хонанда умуман китоб наовардаанд, ки ҳолати нигаронкунанда мебошад.

Ҳарчанд таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф рӯз аз рӯз меафзояд, вале мутаассифона, бо вуҷуди имконоти васеъ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагӣ бепарвоӣ ва камтаваҷҷуҳии баъзе роҳбарони муассисаҳо боиси он шудааст, ки раванди таълиму тарбия ва корҳои ободонию интизоми меҳнат то ҳол дар баъзе муассисаҳо ҳалли худро наёфтаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон пайваста тадбир андешида, мақомоти дахлдорро низ вазифадор менамояд, ки дар ин самт ба таври ҷиддӣ кор баранд. Аз ҷумла, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар муассисаҳои таълимӣ пайваста суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз таълим дур мондани насли наврасу ҷавон аксаран аз бемасъулиятии падару модарон ва риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба амал меояд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 23 декабри соли 2022  аз кулли модарони тоҷик даъват ба амал оварда шуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро муаллими аввалини ҳар шахс  модар аст.

«Таваллуд кардем, тарбия низ бояд кунем. Бетарбия, ки монд, ба ҳар гуна равия меравад. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо раҳм ба падару модари худ низ намекунанд», — таъкид намуданд Сарвари давлат.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2025 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Дар Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмуни шаҳрӣ оғоз шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии «Пули чинӣ» соҳиби ҷойи якум шуд
Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд
Тоҷикистон ва Чин оид ба тақвияти мубодилаи илмӣ, техникӣ ва гуманитарӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
Масоили густариши ҳамкории таълимӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи холии кор баргузор гардид
ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид

Маводҳои таҳлилӣ