Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳраки академӣ ҳамоиши идона доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода таъкид дошт, ки аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ аввалин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон баргузор шуда буд, ки поягузори банақшагирӣ ва татбиқи барномаю чорабиниҳои бузург дар самти ҷавонон гардид. Дар ин мулоқот Сарвари давлат иброз намуданд, ки «мо хуб дарк менамоем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад».
Бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон зарурати таъсиси мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон ба вуҷуд омад. Бинобар ин моҳи майи соли 1997 Қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.
«Тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 70 фоизи аҳолии мамлакатро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд, ки маҳз ба ҳамин сабаб Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ин нишондиҳандаҳо аз мо амалисозии тадбирҳои зиёдро дар тарбия ва рушди қобилияти зеҳнию ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозо менамояд»,- гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.
Таъкид шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмуи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳал карда шуданд.
Имрӯз дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳои нав масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Дар ҳамоиш як зумра олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.
Дар кори конференсия олимони ҷавон дар мавзуъҳои гуногуни соҳавӣ-илмҳои ҷомеашиносӣ, техникӣ, физика, биология ва тиббӣ маъруза намуданд.
Иброз гардид, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ ҷавонон дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ саҳми назаррас дошта, дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон











Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир мешавад
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст






