Дар Алҷазоир ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гурӯҳи Бонки исломии рушд баррасӣ гардид

Май 19, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 19.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд (БИР), ки аз 19 то 22 майи соли равон дар Алҷазоир баргузор мегардад, вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо роҳбари Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) Адииб Яҳё баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Завқӣ Завқизода дар оғоз иброз намуд, ки таҳти сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гурӯҳи Бонки исломии рушд, аз ҷумла бо ITFC солҳои охир таҳким ёфта, ба сатҳи сифатан нав расидааст.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҷараёни иҷрои Созишномаи чорчӯбаи маблағгузорӣ барои солҳои 2023–2026-ро баррасӣ ва ба зарурати таҳкими татбиқи самараноки он таъкид намуданд. Созишнома соли 2023 дар шаҳри Ҷидда ба имзо расида, ҷалби маблағгузории 100 миллион долларро ба лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории мамлакат пешбинӣ менамояд.

Дар вохӯрӣ ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод намуд, ки маблағгузорӣ ба самтҳои истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, нассоҷӣ ва рушди инфрасохтор зиёд карда шавад.

Дар посух роҳбарияти Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо ҷонибдории худро аз самтҳои пешниҳодшуда иброз дошта, омодагии ниҳодро барои таҳияи роҳҳои мушаххаси маблағгузорӣ таъкид намуд.

Бояд гуфт, ки аз соли 2008 инҷониб Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо ба иқтисоди миллии мамлакат зиёда аз 210 миллион доллар маблағгузории тиҷоратӣ  равона намудааст.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»