Дар ҷаласаи дуюми роҳбарони хадамоти гумрукии қолаби «Осиёи Марказӣ-Чин» се санади калидӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ»Ховар»/. 22 майи соли 2025 дар шаҳри Алмато ҷаласаи дуюми роҳбарони хадамоти гумруки қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» баргузор гардид, ки онро Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Чин иштирок намуданд.
Дар ҷаласа Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иброз дошт, ки фаъолгардонии ҳамкорӣ байни мақомоти гумрук ба манфиати кишварҳои минтақа мебошад.
Иштирокдорони ҷаласа доир ба масъалаҳои гуногуни ҳамкории гумрукӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Тамаркузи махсус ба рақамисозӣ ва амалӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи гумрук равона шуд. Ҳар давлат таҷриба ва дастовардҳои худро дар соҳаи автоматикунонии равандҳои гумрукӣ муаррифӣ намуд. Қисми зиёди муҳокимаронӣ ба такмили идоракунии нуқтаҳои гузаргоҳ ва оптимизатсияи тартиботи назорати сарҳадӣ бахшида шуд. Иштирокдорони ҷаласа ҷанбаҳои амалӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти гумрукӣ дар сарҳадҳои муштарак ва баланд бардоштани қобилияти гузариши нуқтаҳои назоратиро баррасӣ намуданд.
Қисми алоҳида ба масъалаҳои рушди захираҳои инсонӣ бахшида шуда, барномаҳои мубодилаи таҷриба, баланд бардоштани тахассуси кормандони гумрук ва ташкили ташаббусҳои муштараки таълимӣ муҳокима гардиданд.
Дар ҷараёни ҷаласа инчунин лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои имзо дар доираи Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Чин» омода мешаванд, баррасӣ гардиданд, ки аҳамияти стратегии ҳамкории гумрукиро дар минтақа таъкид менамоянд. Натиҷаи кори самарабахши ҷаласа ба имзои се санади калидӣ оварда расонд, ки мувофиқаҳои бадастомадаро тасдиқ намуданд. Ин санадҳо Протоколи ҷаласаи дуюми роҳбарони хадамоти гумрукии қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» — ҳуҷҷати асосиест, ки натиҷаҳои ҷаласа ва нақшаҳои ҳамкории минбаъдаро сабт менамояд, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории техникии соҳаи санҷиши ғайриинтрузивӣ ва шиносоии зеҳнии тасвирҳо — созишнома оид ба амалӣ намудани технологияҳои пешрафтаи назорат ва истифодаи муштараки системаҳои инноватсионии назорати гумрукӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии хатари гумрукӣ — ҳуҷҷате, ки принсипҳои ҳамоҳангсозӣ ва мубодилаи иттилоотро барои баланд бардоштани самаранокии системаи идоракунии хатарҳо муайян мекунад, маҳсуб мешаванд.
Ҷаласаи дуюми роҳбарони хадамоти гумрукии қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» сатҳи баланди эътимоди мутақобил ва омодагиро барои таҳкими ҳамкории амалӣ нишон дод. Мувофиқаҳои бадастомада заминаи боэътимод барои ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, амалӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни кишварҳои иштирокчӣ мегарданд.
Иштирокдорон ташаббуси баргузории ҷаласаи сеюмро якдилона дастгирӣ намуданд, ки ин омодагии умумиро ба институтсионализатсияи ин қолаби ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи он ба манфиати ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тасдиқ менамояд.
Баъди анҷоми қисми расмии ҷаласа иштирокдорони он дар барномаи фарҳангии аз ҷониби кишвари мизбон ташкилшуда иштирок намуданд. Дар барномаи фарҳангӣ унсурҳои хоси таомҳои миллӣ ва меҳмондории халқи қазоқ муаррифӣ шуданд.
Дар маҷмуъ ҷаласаи дуюми роҳбарони хадамоти гумрукии қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» рӯйдоди муҳим дар рушди ҳамкории гуногунҷанбаи гумрукӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин арзёбӣ гардид.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






