Дар Ашт навъҳои тухмии пунбадонаи мутобиқ ба тағйирёбии иқлимро кишт намуданд
ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, пахтакорони ноҳияи Ашт имсол дар 6291 гектар чигит кишт менамоянд. То имрӯз кишоварзон зиёда аз 77 фоизи нақшаро иҷро намудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Меҳроҷ»-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона»-и ноҳия маъракаи кишти пунбадона оғоз гардид. Кишоварзон дар зиёда аз 1000 гектар навъҳои тухмии ба иқлим мутобиқро тибқи тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ кишт намуданд.
Агар интихоби тухмӣ яке аз омилҳои фаровонҳосилӣ бошад, пас барои гирифтани ҳосил таъмини саривақтӣ бо оби полезӣ низ муҳим дониста мешавад. Зеро афзоиши истеҳсоли пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба таъмини саривақтии оби полезӣ вобастагии калон дорад.
Беш аз 90 фоизи оби полезии заминҳои пахтаи ноҳияи Ашт аз ҳисоби пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва каналҳои ирригатсионӣ таъмин мегардад. Омодагии техникии пойгоҳҳо ва фаъолияти муназзами онҳо дар нашъунамо ва ҳосили хуби пахта нақши муҳим мебозад.
Дар ноҳияи Ашт барои татбиқи барномаҳои давлатии рушди пахтакорӣ ва коркарди пахта дар дохили мамлакат, инчунин саҳмгузорӣ дар ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат нақшаю лоиҳаҳои нав амалӣ мегарданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






