Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Маркази омӯзиши забони кореягӣ ифтитоҳ меёбад

Май 15, 2025 09:54

ДУШАНБЕ, 15.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози соли хониши 2025-2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ «Маркази омӯзиши забони кореягӣ» ифтитоҳ меёбад. Ин тасмим дар Корея зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо Президенти Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея Янг О-Бонг гирифта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ, аз қабили табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, баргузории конференсияҳои муштарак, даъвати профессорон барои хондани маърузаҳо, табодули таҷрибаи илмӣ-техникӣ дар бахши омода кардани кадрҳои баландихтисос, рушди омӯзиши забонҳои хориҷии  кореягӣ ва англисӣ ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин оид ба амалӣ намудани факултетҳои муштарак, барномаҳои таълимӣ дар шакли 2+2 ва табодули таҷрибаи кормандону омӯзгорони муассисаҳо андешаронӣ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар айни замон дар Донишгоҳи миллии Ҷонбук тибқи барномаи табодули академӣ 10 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таҳсил доранд, ки мисоли равшани рушди ҳамкории муассисаҳо мебошад.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ба натиҷа омаданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсил табодули донишҷӯёни зинаи бакалавр ба 30 нафар ва зинаҳои магистратура ва доктарантура то ба 20-нафарӣ зиёд карда шавад.

Боиси хушнудист, ки ҷонибҳо ба муҳимтарин нозукиҳои барномаи табодули академии донишҷӯён равшанӣ андохта, ба хулоса омаданд, ки минбаъд донишҷӯёни тибқи табодул равонашуда аз маблағи ҳаққи хобгоҳ, ки то ин дам ба 9000 сомонӣ баробар буд, пурра озод карда шаванд.

Ҳамчунин ба донишҷӯёни аълохон стипендияҳои баланди ин донишгоҳ пешниҳод шуда, маблағи сафари онҳо низ пурра пардохт карда мешавад.

Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Ҷонбук аз иқдоми муҳимми пешниҳодгардида хушнуд гардида, барои мунтазам тақвият додани  ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Донишгоҳи миллии Ҷонбук яке аз даҳ донишгоҳи миллии Корея мебошад, ки соли 1947 дар шаҳри Чонҷуи Кореяи Ҷанубӣ таъсис ёфтааст. Дар назди донишгоҳ 16 коллеҷ, 14 факултет, 1 мактаби миёна, 9 мактаби тахассусӣ ва 4 донишкадаи касбӣ фаъолият намуда, донишгоҳ дар умум 22 ҳазор донишҷӯ дорад.

Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Ҷонбук дар кӯтоҳтарин муддат ва дар мувофиқа бо муассисон имзо мешавад.

Инчунин дар доираи ин сафар ректори донишгоҳ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо осорхонаи Донишгоҳи миллии Ҷонбук шинос шуданд.

Зимни тамошо ба меҳмонон оид ба таърихи фаъолияти донишгоҳ, дастовардҳои самтҳои гуногун- илму техника, таълиму тарбия ва равобити байналмилалии муассиса маълумот дода шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Май 15, 2025 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд