Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳҳои кории муштараки давлатҳои аъзои тарҳи «CASA-1000» баргузор гардид

Май 14, 2025 11:03

ДУШАНБЕ, 14.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории муштараки давлатҳои аъзои Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» ва шарикони рушд баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода доир ба аҳамияти стратегии лоиҳаи «CASA-1000» барои давлатҳои иштирокчӣ сухан гуфт.

Таъкид гардид, ки ин тарҳи муҳими минтақавӣ на танҳо ба рушди низоми энергетикии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат менамояд, балки заминаи муҳими ҳамкории иқтисодию сиёсӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Зимни ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шурои байниҳукуматии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», ки 15 май дар Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ гардиданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2025 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид