Дар Душанбе ҷалби сармояи ширкатҳои Саудӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои энергетика ва захираҳои об дар мулоқоти муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо Президенти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал-Ҳувайзӣ дар Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо ба ҷалби сармояи ширкатҳои Арабистони Саудӣ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, имконияти густариши минбаъдаи равобитро баррасӣ карданд.
Мулоқот дар ҳошияи Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои энергетика ва захираҳои об табодули афкор намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд






