Дар «Dushanbe EXPO Centre» намоишгоҳи саноатии молҳои Тоҷикистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе идома дорад, 29 май дар «Dushanbe EXPO Centre» Намоишгоҳи саноатии молҳои Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Намоишгоҳ ба таъмини рушди соҳаи саноат ва ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бахшида шуда, ҳадафаш муаррифии маҳсулоти корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ба меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ба ин васила тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои иштирокдор мебошад.
Дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон гӯшаҳои соҳаҳои саноати мошинсозӣ, кимиё, нассоҷӣ, маъдан, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтмон, ангишт, технологияи иттилоотӣ, энергетика, хӯрокворӣ ва кишоварзӣ ташкил карда шудаанд. Инчунин коргоҳу корхонаҳои саноатию истеҳсолии мамлакат номгӯи зиёди маҳсулоти ватаниро ба намоиш гузоштаанд.
Дар майдони кушоди намоишгоҳ воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва боркаш, ҳарбӣ-муҳофизатӣ ва техникаҳои кишоварзие, ки дар Тоҷикистон истеҳсол ва бастабандӣ мегарданд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ташкили чунин намоишгоҳҳо боиси баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, густариши ҳамкории корхонаҳои саноатии мамлакат бо ширкатҳои хориҷӣ ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат тавассути таъсиси корхонаҳои муштарак бо технологияҳои муосир мувофиқи мақсад мебошад.
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ҷонибҳои алоқаманд, аз ҷумла ташкилоти байналмилалӣ ва миллӣ, муассисаҳои илмӣ ва молиявӣ, бахши хусусӣ ва дигар сохторҳои марбутаи мамлакат Намоишгоҳи молҳои саноатии Тоҷикистонро дар «Dushanbe EXPO Centre» тамошо менамоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад






