Дар Душанбе консерти оркестри симфонии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд

Май 15, 2025 17:19

ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар ҳошияи Форуми зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертии оркестри симфонии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 баргузор шуд.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар барномаи консертӣ асарҳои мусиқии классикони маъруф навохта шуданд.

Бояд гуфт, ки оркестри симфонии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ташаббуси Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис ёфтааст. Ба ҳайати оркестри симфонӣ аз рӯи анъана навозандагони ҷавони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғолибони озмунҳои бонуфузи мусиқӣ дохил мебошанд.

Оркестри ҷавонон яке аз лоиҳаҳои барҷастаи Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Ҳадафи он на танҳо фаъолияти консертӣ, балки имкони беназири муоширати навозандагони ҷавон бо дирижёрҳои барҷаста ва устодони маъруфи оркестр аз тамоми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 14 май дар Душанбе Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид, ки имрӯз идома меёбад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 15, 2025 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад