Дар Душанбе «Лоиҳаи асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» муаррифӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе «Лоиҳаи асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тавре масъулини Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶумҳуриииТоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадафи асосии «Лоиҳаи асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» вусъат бахшидан ба дастрасӣ ва хизматрасониҳои алоҳидаи рақамии давлатӣ ва баланд бардоштани қобилияти рақамии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Созишномаҳои молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» моҳи январи соли 2025 ба имзо расидаанд. Лоиҳа бо гранти Бонки ҷаҳонӣ ва Котиботи давлатии Швейтсария татбиқ карда мешавад.
Амалигардониии лоиҳа соли 2025 оғоз гардида, то соли 2031, яъне ба муддати 6 сол идома меёбад.
Лоиҳа аз се қисмат ва зерқисматҳо – таҳкими асосҳои низомҳо ва хизматҳои бехатарии рақамии ҳукумат, инфрасохтори ҷамъиятии рақамӣ, муҳофизат ва ҳавасмандгардонии рақамӣ, такмили ихтисоси рақамӣ, саводнокии рақамӣ ва малакаҳо ва навсозии шароити таълим иборат мебошад.
Муаррифии «Лоиҳаи асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» дар Душанбе ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) дар Тоҷикистон бахшида шуда, мақсади он вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»