Дар Душанбе рушди тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Латвия баррасӣ гардид

Май 30, 2025 08:50

ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Восидиён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд Рейнис Трокша вохӯрӣ анҷом дод, ки зимни он масъалаи рушди тиҷорати дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Фарҳод Восидиён нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими субот ва рушди ҳамкории байналмилалӣ таъкид намуда, иброз дошт, ки сиёсати созандаи роҳбарияти олии Тоҷикистон барои густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои гуногун, бахусус Латвия заминаи устувор фароҳам овардааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ гардид. Ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир карда, зарурати таҳкими равобит дар бахшҳои афзалиятнокро таъкид намуданд.

Ҳамзамон дар идомаи мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҷалби сармоягузориро баррасӣ намуда, тавсеаи ҳамкории иқтисодиро омили асосии афзоиши имконияти тиҷоратӣ ва саноатӣ донистанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳарду ҷониб барои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2025 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд