Дар Душанбе таҳти унвони «Пиряхҳои Тоҷикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Пиряхҳои Тоҷикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо иттилоъ доданд.
Нахуст иштирокдорон бо намоишгоҳи расмҳои мактабачагон, ки дар онҳо пиряхҳои Тоҷикистон тасвир ёфтаанд, шинос шуданд.
Зимни ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода таъкид дошт, ки чорабинии имрӯза аз ҷумлаи талошҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти татбиқи амалии ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои об, махсусан ҳифзи пиряхҳо маҳсуб мешавад.
Таъкид гардид, ки зери таъсири тағйирёбии иқлим таназулёбии криосфера дар саросари олам торафт суръат мегирад. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимон оид ба тағйирёбии иқлим ва криосфера дар соли 2019 ва моделсозии раванди таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо нишон медиҳанд, ки то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд. Далели ин арзёбиҳо метавонад гузориши Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ бошад, ки тибқи он соли 2024 гармтарин сол дар тамоми давраи мушоҳидаҳо арзёбӣ гардидааст.
Ташаббуси эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар ҷаласаи нахустини Эътилофи обу иқлим муаррифӣ намуда буданд, ки он ба хулосаҳои илмӣ асос ёфтааст.
Дар идома ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин тасвир» дар мавзуи «Пиряхҳои Тоҷикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо» эълон гардида, бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд. Озмун бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон байни наврасони аз 12 то 17-сола гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд






