Дар Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» ниммарафони байналмилалӣ баргузор мегардад

Май 28, 2025 10:49

ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 1 июн дар Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» ниммарафони байналмилалӣ баргузор мегардад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинии оммавии варзишӣ дар назар аст, ки 500 нафар меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо  иштирок намоянд.

Ҳадаф аз баргузории ниммарафон ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва обшавии босуръати пиряхҳо мебошад, ки барои захираҳои обии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ минтақа аҳамияти хосса доранд.

Мусобиқа дар мавзеъҳои зебоманзари Сафеддара, воқеъ дар километри 50-уми Душанбе, дар баландии 1600 метр аз сатҳи баҳр доир карда мешавад. Мақсади он тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имконияти сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Бояд иброз намуд, ки Маҷмааи варзишу истироҳати «Сафеддара» яке аз мавзеъҳои дилрабои Тоҷикистон мебошад. «Сафеддара» ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, солона ҳудуди 3 ҳазор нафар ба ин минтақа барои истироҳат мераванд. Маҷмаа дар баландии 2300 метр ҷойгир шуда, дар ин мавзеъ меҳмонхонаи замонавӣ барои қабули то 240 нафар меҳмон, маркази солимгардонӣ ва толори баргузории конфронсҳо барои 120 ҷойи нишаст амал менамояд. Инчунин дар ин маҷмаа ду хати роҳи ҳаракати ҳавоӣ ба масофаи 2000 метр мавҷуд буда, дорои 140 воситаи болобарандаи варзишгарон мебошад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи варзишу истироҳатии «Сафеддара» иброз доштанд: ««Сафеддара», ки ягона машқгоҳи варзишии зимистонаи Тоҷикистон мебошад, ҳар сол ба он қариб се ҳазор нафар сайёҳону варзишгарони дохилию хориҷӣ меоянд. Бояд гуфт, ки иқлими мусоиду мавқеи ҷуғрофии ин маҷмаа имкон медиҳад, ки варзиши лижаронӣ то охири моҳи май идома ёбад».

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 28, 2025 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид