Дар ноҳияи Данғара дар 27 820 гектар зироат кишт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 141,7 фоиз зиёд аст
ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар бахшҳои ҷамъиятию деҳқонии ноҳияи Данғара дар 27 ҳазору 820 гектар зироат кишт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 141,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Данғара аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ба шумор рафта, дар истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум пешқадам мебошад. Кишти гандум дар ноҳия 17 472 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамасола аз заминҳои ҳосилхези ноҳияи Данғара ҳазорҳо тонна гандум истеҳсол карда мешавад.
Гандум муҳимтарин захираи хӯрокворӣ дониста мешавад. Он растании патакреша ва хаспоя буда, донаи сафед, зардтоб, сурх ва бунафш дорад. Инчунин он ашёи муҳими саноати хӯрокворӣ аст. Дар таркиби гандум сафеда, ангиштоб, равған, равғани эфир, ферменту витаминҳо, намакҳои минералӣ ва ғайра мавҷуд ҳастанд.
Таҷрибаи зиёди заминдорӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳангоми кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ рӯёнида ва фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ таъмин карда шавад.
Кишоварзони ботаҷрибаи ноҳияи Данғара ҳамасола аз ҳисоби кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзишманд мегузоранд.
Имсол кишоварзони ноҳия дар 5230 гектар пунбадона кишт намудаанд, ки майдони бештари киштро усули «зери плёнка» ташкил медиҳад. Ин таҷриба чанд соли охир аст, ки дар ноҳия амалӣ гардида, кишоварзон бо истифода аз ин усул ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Кишоварзони ноҳияи Данғара имсол дар 493 гектар картошка кишт намудаанд, ки дар айни замон ҷамъоварии он идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳашт моҳи соли 2024 маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Данғара ба 1,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки дар миқёси вилояти Хатлон баландтарин нишондиҳанда ба ҳисоб меравад. Соли 2024 кишоварзони ноҳия дар 26 886 гектар ғалладона, дар 1027 гектар картошка, дар 1617 гектар сабзавот, дар 1539 гектар полезӣ, дар 5018 гектар пахта ва дигар намуди зироат кишт намуданд. Заҳмати пайваста, риояи агротехникаи кишту парвариш ва дар истеҳсолот афзалият додан ба истифодаи технологияи муосир афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолиро таъмин намуд.
Кишоварзони ноҳияи Данғара дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, содироти маҳсулот ба дигар давлатҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми намоён мегузоранд. Аз ноҳияи Данғара ба дигар давлатҳо ҳазорҳо тонна маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ содирот шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»








Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 356 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Татбиқи барномаҳои электронии идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об баррасӣ шуд
Байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати «Jinda Anbang»-и Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Шуруъ аз 1 феврали соли 2026 дар Тоҷикистон тарифҳои нави барқу гармӣ ҷорӣ карда мешавад
КАРТОШКАПАРВАРӢ. Кишоварзони вилояти Хатлон дар 8 ҳазор гектар картошка кишт менамоянд
Ба «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ду мошини махсуси чорвокашонӣ дастрас шуд
Кабк «Парандаи сол-2026» интихоб гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили сабзӣ аз кишти такрорӣ идома дорад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ дар соҳаи нақлиёт байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
«Саноатсодиротбонк» барои дастгирии соҳибкорӣ ва иқтисоди «сабз» «Иқдоми нав дар Соли нав»-ро роҳандозӣ менамояд
«Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо»-и хизматрасониҳои молиявӣ таҳия карда мешавад






