Дар Санкт-Петербург коллексияи либосҳои донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиш дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Озмуни XXXII моделони ҷавон ва тарроҳони либос таҳти унвони «Нафаси баҳор» оғоз гардид, ки дар он сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Зумрад Умарова ва донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси санъатшиносии факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ Фотима Шоева иштирок доранд.
Дар озмун сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада Зумрад Умарова ҳамчун аъзои ҳайати доварон ба кори иштирокдорон баҳо гузошта, он то 23 май идома меёбад.
Дар сабқат коллексияи донишҷӯён Фотима ва Зуҳро Шоева таҳти унвони «Нигини Шоҳнома» намоиш дода шуд. Дар ҳар либоси коллексия унсурҳои миллӣ бо нозукии хосса ифода гардидаанд. Дар намунаҳои либосҳои офаридаи ин донишҷӯён матоъҳои рангоранги миллӣ бо услуби замонавӣ истифода шудаанд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуданд.
Озмуни «Нафаси баҳор» умумирусиягӣ буда, дар он тарроҳон ва моделони ҷавон аз тамоми минтақаҳои Русия ва иштирокдорон аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил даъват мешаванд. Иштирокчиёни озмун донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соҳаи тарроҳӣ, моделсозӣ ва санъат, инчунин мутахассисони ҷавон, ки на камтар аз 3 сол дар ин соҳа фаъолият доранд, мебошанд.
Озмун соли 1992 аз ҷониби Мактаби муҳандисии либоси Санкт-Петербург таъсис дода шуда, ҳадафи он таҳия ва пешниҳоди коллексияҳои муосиру ҷаззоб ва неруи кадрӣ дар соҳаҳои мӯду дизайн мебошад.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд






