Дар шаҳри Панҷакент коргоҳи дӯзандагии «Маҳсул» ба фаъолият оғоз намуд

Май 3, 2025 13:56

ДУШАНБЕ, 03.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳсул» коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Коргоҳ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, бо беҳтарин дастгоҳҳои дӯзандагӣ муҷаҳҳаз мебошад. Фаъолияти асосии коргоҳ ба дӯхтани либосҳои мактабӣ равона шудааст. Дар ин коргоҳ  15 нафар занону духтарони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Дар мамлакат ифтитоҳу ба фаъолият пардохтани чунин коргоҳҳои дӯзандагӣ имконият медиҳад, ки дар онҳо бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ либосҳои мактабӣ, миллӣ ва либосҳои махсуси корӣ барои соҳаҳои гуногун истеҳсол шуда, сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 3, 2025 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд