Дар Суғд вобаста ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар шаҳри Хуҷанд барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ, кам кардани талафоти он ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда вохӯрии судманди комиссияи доимамалкунанда баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, Раиси вилояти Суғд ва аъзои комиссия доир шуда, мақсади асосии он аз татбиқи самараноки сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки имконоти мавҷуда, таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ, кам кардани талафоти неруи барқ ва фаҳмонидани муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат буд.
Усмоналӣ Усмонзода аз ҷараёни татбиқи сиёсати давлат дар самти назорати истифодаи оқилонаи неруи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо ва таҳкими низоми ҳисоббаробаркунӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар шароити имрӯза, ки афзоиши талабот ба неруи барқ мушоҳида мегардад, масъалаи захира ва сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аҳамияти муҳим касб намудааст. Бо назардошти ин, масъалаи истифодаи самараноки неруи барқ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
«Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти энергетикӣ бо вуҷуди мавҷуд будани баъзе мушкилот самаранок амалӣ мегардад. Вале татбиқи пурраи он танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки тамоми ниҳодҳои дахлдор ва худи ҷомеа масъулиятшиносӣ нишон дода, дар риояи қонунгузорӣ саҳм гузоранд»,-гуфт Усмоналӣ Усмонзода.
Зимни таҳлили фаъолияти шабакаҳои тақсимоти барқи минтақаи Гулистон ва шаҳри Хуҷанд муовини Сарвазири Тоҷикистон ба масъулини соҳа барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дод.
Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тағйиру иловаҳои воридгардида ба Кодекси ҷиноятӣ маълумот дода, гуфт, ки минбаъд шахсоне, ки ба дасткории ҳисобкунакҳо, дуздии барқ ва пайвастсозии ғайриқонунӣ даст мезананд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Дар охири ҷаласа дар назди намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони шабакаҳои тақсимоти барқ, роҳбарони техникӣ, нозир ва назоратчиён- дар умум тамоми кормандони соҳаи барқи вилоят оид ба пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ, кам кардани талафоти он ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда вазифаҳо гузошта шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






