Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон оғоз шуданд

Май 21, 2025 09:06

ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, густариши робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин дарки амиқи марҳилаҳои рушди ҳамкории мутақобили судманд такони ҷиддӣ мебахшад.

Сипас аз ҷониби ҳунармандони озарӣ таронаю оҳанг ва рақсҳои ҷолиб пешниҳод шуданд.

Дар доираи ҳамкории фарҳангии ду мамлакат то имрӯз табодули таҷрибаи донишмандон, устодон, донишҷӯён, барномаҳои фарҳангию мусиқӣ ва иштироки аҳли илму фарҳанг дар ин гуна барномаҳо доир гардидааст. Яке аз жанрҳои фарҳанги ду давлат, ки ба ҳам наздикӣ дорад, мусиқии классикии «Шашмақом»-тоҷикӣ ва «Мақом»-и озарӣ, инчунин ҳамнавоии «Фалак»-и тоҷикӣ ва «Ошиқ»-и озарӣ мебошад.

Дар назар аст, ки имрӯз ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар шаҳри Норак бо «Боғи анор» ва Неругоҳи барқи обии «Норак»,  Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз ва Маҷмааи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шинос шавад. Инчунин дар Кохи фарҳанги ноҳияи Данғара барномаи консертии ансамбли созҳои миллии Озарбойҷон пешниҳод карда мешавад.

Дар ин рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи осори адабиёти Озарбойҷон ифтитоҳ мегардад. Инчунин дар назар аст, ки байни Китобхонаи миллии Озарбойҷон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расад.

 

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2025 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард